Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Николай Бордюжа ба Хуҷанд меравад


Қарор аст, имрӯз Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамроҳ бо як ҳайъати Шӯрои амнияти Русия вориди Тоҷикистон шавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, ин ҳайъати баландпоя аз ҷануби Қирғизистон ба Хуҷанд, маркази вилояти Суғд омада ва дар онҷо бо Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон авзоъ дар минтақа ва роҳҳои иловагии таъмини амниятро баррасӣ мекунад. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфтааст, аз фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва эҳтимоли нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ нигарон аст.
XS
SM
MD
LG