Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Қаззофӣ шаҳри Брегаро пас гирифтаанд


Нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия дар манотиқи таҳти назорати ошӯбгарон пешравӣ карда ва шаҳри Брегаро аз дасти онҳо пас гирифтаанд. Аз даст додани шаҳри Брега, барои мухолифони давлати Муаммар Қаззофӣ, шикасти бузурге ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо пештар на танҳо бахши бузурги шарқи Либия зери даст доштанд, балки ба самти ғарб ва пойтахт низ пешрафт карданд. Абдул Фаттоҳ Юнус, вазири собиқи умури дохилӣ дар давлати Қаззофӣ, ки ба сафи ошӯбгарон пайваст, гуфт, нерӯҳояш ба тамоми қиммат шаҳри Аҷдабияро дифоъ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG