Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи мақомоти маҳаллии Русия баргузор шуд


Мақомоти интихоботии Русия мегӯянд, ҳузур дар интихоботи мақомоти маҳаллӣ назар ба интихоботҳои гузашта бештар ва шикоятҳо аз қонуншиканиҳо дар ин корзор камтар будааст. Леонид Ивлев, муовини раиси Кумиссиёни марказии интихоботи Русия, дирӯз дар ин бора сухан гуфт, вале оморе ироа накард. Интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар Русияро имтиҳони қудрат ва обрӯи Ҳизби Русияи Воҳиди нахуствазир Владимир Путин медонанд. Русия моҳи декабр, палатаи поёнии Думаи Давлатӣ ва моҳи марти соли 2012 раиси ҷумҳурро интихоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG