Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав як қирғизро куштанд, як тоҷикро ғорат карданд


Дар шаҳри Маскав, фарди ношиносе як ҷавони 18 солаи қирғизро бо зарби теғ кушта ва як ҳамроҳи дигарашро маҷрӯҳ кардаанд. Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, ҳамла рӯзи шанбе дар истгоҳи метрои ”Отрадное” дар шимолуғарби шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ҳамин рӯз ду нафар ба як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ҳаққи иқомат доштааст, дарафтода мошинашро дуздида ва сипас оташ задаанд. Ҳамлаҳои миллатгароён ба шаҳрвандони ғайрирус, аз ҷумла тоҷикон дар Русия солҳои ахир ниҳоят зиёд шудааст.
XS
SM
MD
LG