Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти вакили собиқи ҳизби ҳокими Миср


Дар Миср, Абдул Носир ал-Ҷабрӣ, як намояндаи собиқи мардумӣ аз ҳизби ҳокимро, бо иттиҳоми фармон барои ҳамлаи бераҳмона ба тазоҳургарони майдони Таҳрир дар шаҳри Қоҳираро боздошт карданд. Абдул Носир ал-Ҷабрӣ дар миёни он тарафдорони раиси ҷумҳури собиқ Ҳуснӣ Муборак будааст, ки мусаллаҳ бо корду шамшер ва савори шутуру аспҳо ба тазоҳургарон ҳамла карданд. Ал-Ҷабрӣ барои 15 рӯз дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад ва дар сурати таъйид шудани иттиҳомот, аз ҷумла қатли тазоҳургарон таҳқиқи аъмоли ӯ идома мекунад. Дар тазоҳуротҳои 18-рӯзаи Қоҳира, ки бо барканории Ҳуснӣ Муборак анҷомид, ба гуфтаи мақомот дасти кам 365 нафар кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG