Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш ҷангҷӯро дар Покистон куштанд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, бар асари мушаки партобшуда аз як ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба қароргоҳ ва мошини тундравон дар Покистон шаш нафар аз онҳоро кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи ин маъмури иттилоъотӣ, ҳавопаймо қароргоҳи Таҳрики Толибон дар як минтақаи қабоилнишини наздик ба марзи Афғонистонро ҳадаф гирифтааст. Қароргоҳи онҳо дар рустои Спалга, 15 километрии шаҳри Мироншоҳ, маркази Вилояти Вазиристони Шимолии Покистон, як такягоҳи аслии Толибон ва шарикони Ал-Қоида будааст.
XS
SM
MD
LG