Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Ҷопон талош доранд, ки садама дар нерӯгоҳи ҳастаӣ ва паёмадҳои заминларзаву сунамиро бартараф созанд

Ҷопон аз заминларзаи муҳиш ва сунамӣ ба худ наомадааст - ба назар мерасад, ки мақомот дар ҳалли яку якбораи ду мушкили умда - садама дар нерӯгоҳи ҳастаии "Фукушимо-1" ва рафъи паёмадҳои офати табии бесобиқа оҷизӣ мекашанд.

Дар ҳамин ҳол Токио иқрор мекунад, ки ҳукумат ба рафъи садама дар нерӯгоҳи ҳастаӣ авлавият медиҳад.

"ФУКУШИМО-1" Ё "ЧЕРНОБИЛИ ДУВВУМ"?

Рӯзи шанбе дабири кулли ҳукумати Ҷопон Юкио Эдано гуфта буд, ки фақат дар реактори якуми "Фукушимо-1" таркиш ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз он як бахши бино нерӯгоҳ тахриб шуда ва аммо ба болопӯши реактор осеб нарасидааст.

Аммо имрӯз ӯ ҳадс зад, ки шояд дар реактори сеюм низ таркиш рӯх додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар реактори сеюм низ "ҳамин гуна ҳодиса рӯх додааст ва ба ин хотир интиқоли об ба реактор қатъ шуд". Юкио Эдано афзуд, ки "ҳоло мо мехоҳем фишор ба реакторро кам кунем ва баъд дубора ба он ҷо обро интиқол диҳем".

Ахиран иттилоъ расид, ки мутахассисони ҷопонӣ барои сардсозии се реактори нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо-1” аз оби баҳр истифода мебаранд.

Сангин будани вазъ дар нерӯгоҳи “Фукушимо-1”-ро имрӯз Наото Кан, сарвазири Ҷопон ҳам иқрор кард. Раиси ҳукумат ҳамчунин гуфт, ки бар асари таркиш дар нерӯгоҳи ҳастаӣ боз чанд рӯзи дигар дар интиқоли нерӯи барқ мушкил пеш хоҳад омад.

Дар ҳамин ҳол мутахасиссон таркиш дар реактори ҳастаии “Фукушимо-1”-ро бо фоҷиаи нерӯгоҳи Чернобил дар соли 1986 баробар мехонанд. Дар шаҳри Корияма, ки дар наздикиҳои нерӯгоҳ қарор дорад, тақрибан 160 нафар аз радиатсия зарар дидаанд.

ТО САР НАКУНАД ДАРД НАДОНӢ, КИ САРАТ ҲАСТ...

Ба гуфтаи мутахассисон, заминларзаи рӯзи ҷумъа яке аз мудҳиштарин дар таърихи Ҷопон маҳсуб мешавад. Бисёр биноҳое, ки ба заминдарза тоб оварданд, аз сунами пурра валангор шуданд.

Маягӣ баъд аз офати табиӣ
Вазъ ба вижа дар минтақаи Миягӣ душвор аст – дар ин ҷо, ба иттилоъи полиси маҳаллӣ тақрибан даҳ ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд ваё беному нишон ғайб задаанд.

Як сокини минтақаи Сендай Нобуо Исигаморӣ, ки шоҳиди бар асари сунамӣ то даҳ метр боло рафтани оби баҳр шуда буд, мегӯяд, "он чиро, ки рӯх дод, касе интизор набуд. Ҳеҷ кас фикр намекард, ки хисорот бо ин дараҷа бузург мешавад". Ба гуфтаи ӯ, "аз ин пештар ҳам заминларзаҳо рӯх дода буданд ва аммо ин нахустин заминларзаест, ки шуморо маҷбур мекунад фикр кунед, ки аз куҷо сар задани офатро ҳеҷ гоҳ наметавон фаҳмид".

Ба навиштаи хабаргузориҳо, мардуми манотиқи осебдида дар ҳоли шок қарор доранд ва аммо бо вуҷуди такрори заминларза онҳо талош мекунанд, ки сабуриро аз даст надиҳанд.

ОЛАМИЁН ДАСТИ ҶОПОНИҲОРО МЕГИРАНД


Ҳукумати Ҷопон хабар дод, ки то имрӯз тақрибан 3 ҳазор сокинони манотиқи зарардида наҷот дода шудаанд. Беш аз 50 кишвар, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида, ки се киштии низомияш дар соҳилҳои Ҷопонанд, изҳори омодагӣ барои ширкат дар рафъи паёмадҳои заминларза ва сунамиро кардаанд.

Хабаргузории Киодо иттилоъ дод, ки дар маҷмӯъ 300 ҳазор нафар аз манотиқи хатарбор ба мавқеъҳои амн кӯчонида шуданд.

Дар амалиёти наҷот тақрибан сад ҳазор низомиёни ҷопонӣ ширкат мекунанд ва ин бузургтарин сафарбарсозии онҳо баъд аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Наото Кан, сарвазири Ҷопон мардумро ба иттиҳод ба хотири рафъи сангинтарин бӯҳрон баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ даъват кард. Ӯ гуфт, "ман эътимоди комил дорам, ки баъд аз заминларза ва сунамӣ мардуми Ҷопон муттаҳид шуда мушкилотро бартараф мекунад".

Дар ҳамин ҳол расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ мақомотро дар он айбдор мекунанд, ки ба чунин як фоҷиа омода набуданд ва ин бӯҳрон шояд иқтисоди Ҷопонро ба мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG