Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Истамбул ҳазорон хабарнигорон аз шаҳрҳои гуногуни Туркия ҷамъ омада хостории раҳоии ҳамқаламҳояшон аз маҳбас шуданд.

Намоиши эътирозӣ дар маркази Истамбул баргузор шуд ва дар он ҳамчунин ҳомиёни ҳуқуқи башар, ходимони фарҳанг ва мухолифини ҳукумат ширкат доштанд.

Онҳо аксҳои хабарнигорони кушташударо болои сар бардошта, барои адолати додгоҳӣ шиор мезаданд.

Тавре хабар дода будем, аввалҳои ҳамин моҳ панҷ хабарнигор бо иттиҳоми даст доштан дар талоши табаддулоти давлатӣ дар соли 2003 дастгир шуданд.
XS
SM
MD
LG