Пайвандҳои дастрасӣ

Наото Кан: Вазъ дар нерӯгоҳ сангин боқӣ мемонда


Вазъ дар нерӯгоҳҳои ҳастаии бар асари заминларза дар Ҷопон осебдида сангин боқӣ мемонад.

Изҳороти Наото Кан, сарвазири Ҷопон дар ин бора аз тариқи телевизион пахш шуд. Раҳбари ҳукумат ҳамчунин гуфт, ки бар асари таркиш дар нерӯгоҳи «Фукушимо-1» боз чанд рӯзи дигар дар интиқоли нерӯи барқ мушкил пеш хоҳад омад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ахиран ҳудуди 200 ҳазор нафар аз манотиқи наздик ба нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушима-1” кӯчонида шуданд.Дар натиҷаи заминларзаи шадиди рӯзи ҷумъа дар ин нерӯгоҳи ҳастаӣ таркиш рӯх дод. Ба гуфтаи мақомот, як бахши бино нерӯгоҳ тахриб шуд ва аммо ба болопӯши реактори якум осеб нарасидааст.

Дабири кулли ҳукумати Ҷопон Юкио Эдано имрӯз изҳор намуд, ки эҳтимол меравад дар реактори сеюм низ таркиш рӯх додааст.

Дар ҳамин ҳол рафъи паёмадҳои заминдарза ва сунамӣ дар шимол ва шарқи Ҷопон идома дорад. Имрӯз полиси вилояти Миягӣ, воқеъ дар шарқи кишвар, хабар дод, ки теъдоди қурбониёни офати табиӣ фақат дар ҳамин минтақа шояд бештар аз 10 ҳазор нафар бошад.

То имрӯз расман ҳалокати ҳазор нафар таъйид шудааст. Беш аз панҷсад каси дигар дар рӯйхати афроди бенишон ғайбзадаанд.
XS
SM
MD
LG