Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи воҳиди раъйдиҳӣ дар Русия


Имрӯз дар Русия рӯзи воҳиди раъйдиҳист. Интихоботи сатҳи гуногун дар 74 минтақаи кишвар баргузор мешавад.

Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихобот, ба рӯйхати раъйдиҳандагон тақрибан 24 миллион нафар шомил шудаанд. Қарор аст, ки имрӯз онҳо 20 ҳазор вакилон ва раҳбарони маҳаллиро интихоб кунанд.

Барои ин ҷойҳо беш аз 50 ҳазор номзадҳо аз чаҳор ҳизби парлумонӣ – “Русияи воҳид”, ҳизби комунист, ҳизби либерал-демократӣ ва ҳизби “Русия боадолат” талош мекунанд.

Ҳамзамон дар 12 вилояту ҷумҳурӣ интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар ҷумҳурии Доғистон раъйдиҳӣ дар шароити чораҳои бесобиқаи амниятӣ мегузарад.

Рӯзи воҳиди раъйдиҳии навбатӣ дар Русия 4 декабри соли равон ҳамроҳ бо интихобот ба Думаи давлатӣ доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG