Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Вошингтон аз даъвати Лигаи кишварҳои араб


ИМА аз даъвати Лигаи кишварҳои араб барои муқаррар намудани минтақаҳои мамнӯъ барои парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ливия пуштибонӣ кард.

Ин гуна минтақаҳо имкон медиҳанд, ки мардуми осоишта ва муассисаҳо аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ эмин бимонанд.

Дар изҳороти Кохи Сафед ин иқдом чун “қадами муҳим” барои қатъи хушунат дар Либия арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ чанд шаҳри ишғолнамудаи мухолифинро дубора таҳти назорати худ қарор доданд ва аммо рӯзи шанбе дар набардҳо барои шаҳри Мисрата ноком шуданд. Мисрата такягоҳи охирини мухолифин дар ғарби Либия маҳсуб мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG