Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Маскав 16 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ғорати анбори пойафзол боздошт шуданд.

Сухангӯи раёсати умури дохилаи пойтахти Русия Виктор Бирюков ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки тақрибан соати яки шаби гузашта аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ ба анбори пойафзоли воқеъ дар минтақаи шарқии Маскав омаданд ва дар ҳоле дастгир шуданд, ки моли ғораткардаро ба мошини боркаши тамғаи “Мерседес” бор мекарданд.

Аз аъзои гурӯҳ ду туфангча мусодира шудааст. Виктор Бирюков гуфтааст, ки айни ҳол эҳтимоли даст доштани ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба дигар ҷиноёт тафтиш мешавад.
XS
SM
MD
LG