Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як ҳафтаи ахир ба ҷаримагоҳи шӯъбаи БДА-и Душанбе беш аз 40 мошини сиёҳшиша оварда шудааст.

Мақомот мегӯянд, соҳибони ин мошинҳо акнун бо пардохти 1 ҳазор доллар метавонанд нақлиёти худро аз ин ҷаримагоҳ берун оранд.

Бино ба иттилои Шерафган Латипов, сардори маркази матбуоти Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе, феълан беш аз 8 ҳазор ронанда иҷозаи бо мошини сиёҳшиша гаштанро доранд ва маблағи умумии даромад аз ин ҳисоб наздики 16 миллион сомониро ташкил медиҳад.

"ФАРЗАНДОНИ АФРОДИ ДОРО"

Ҷаноби Латипов афзуд, ба сиёҳ кардани шишаи мошинҳои худ бештар ронандаҳои ҷавон алоқаманданд, ки ба гуфтаи ӯ аксари онҳо соҳибкорон ва ё фарзандони ашхоси сарватманданд.

"Онҳо ғолибан фарзандони афроди доро, соҳибкорону кормандони вазорату идораҳо ҳастанд. Аслан шаҳрвандоне, ки мехоҳанд воситаи нақлиёти худро сиёҳшиша кунанд, ба "Амонатбонк" 500 доллар пардохт мекунанд ва бо ариза ба раёсати БДА дар вилояту шаҳру ноҳияҳо муроҷиат мекунанд ва дар асоси ин ба онҳо иҷозатнома пешниҳод мешавад",-илова кард ӯ.
Як ҷавони оддӣ агар хоҳад ҳам наметавонад шишаи мошинашро сиёҳ кунад, вале ҷавоне, ки соҳибкор ё писари ягон мансабдор аст ӯ ин маблағро дорад ва бо сиёҳ кардани шишаи мошинҳои гаронарзишаш худро аз соҳибони дигар мошинҳои шишасафед як зина боло эҳсос карда, ба нозирон ҳам итоат намекунад...


Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи январи соли гузашта бо тасвиби як қарор, ба ронандаҳо барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо бар ивази 500 доллар дар як сол иҷоза дод.

ФОИДА ВА ЗАРАРИ "ШИШАИ СИЁҲ"

Як гурӯҳи вакилони Маҷлиси Намояндагон, ки ин пешниҳодро барои баррасӣ ироа карда буданд, ба ин бовар буданд, ки истифода аз шишаҳои сиёҳ дар худравҳо барои саломатии инсон фоида дорад ва он то 45 дарсад осебпазирӣ аз нури офтобро коҳиш медиҳад.

Ронандаи ҷавони як мошини сиёҳшиша, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, сиёҳ кардани шишаҳои мошин на танҳо кори ронандаро дар Тоҷикистони офтобӣ осону роҳат мекунад, балки ин барои худи мошин ҳам муфид аст.

Аммо чандон бехатар ҳам набудааст: "агар шишаи пеш бисёр сиёҳ бошад, шабона одамҳои пиёдарав ва дучархаҳоро дидан мушкил мешавад. Илова ба ин, дар аввал гуфтанд, ки дар соли нахуст 2500 сомонӣ месупориву баъд ҳар сол бо маблағи 200 сомонӣ мӯҳлати иҷозаномаро тамдид мекунӣ, вале ҳоло баръакс нархи иҷозанома гаронтар шудааст"

Бархе аз мусоҳибони ҷавони мо мегӯянд, бо ин маблағе, ки барои иҷозаномаи шишаҳои сиёҳ пешбинӣ шудааст, танҳо афроди дорову мансабдор метавонанд дар бораи ҳифзи саломатии худу мошинашон фикр кунанд.

АЗ "МЕРСЕДЕС" ТО "ҶИП"

Умедҷони Саъдулло, хабарнигори ҷавон, мегӯяд, бо иҷоза додан ба мошинҳои шишасиёҳ, нобаробарӣ миёни табақаҳои дорову миёнаҳоли кишварро эҷод кардаанд.

"Як ҷавони оддӣ агар хоҳад ҳам наметавонад шишаи мошинашро сиёҳ кунад, вале ҷавоне, ки соҳибкор ё писари ягон мансабдор аст ӯ ин маблағро дорад ва бо сиёҳ кардани шишаи мошинҳои гаронарзишаш худро аз соҳибони дигар мошинҳои шишасафед як зина боло эҳсос карда, ба нозирон ҳам итоат намекунад. Барои мисол, нозир мошини шишасиёҳро нигоҳ медорад, ронанда каме шишаҳои мошинро поин фароварда, баъд аз як суҳбати кӯтоҳ ба роҳи худ идома медиҳад. Вале аз мошине, ки шишаҳои мошинаш маъмулист, ронанда худ назди нозир меояд",-афзуд ӯ.

Дар маҷмӯъ ба гуфтаи кормандони БДА, бо дастрасу фаровон шудани интихоби мошин дар кишвар, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба мошин ё худравҳо афзудааст. Ба гуфтаи онҳо, беш аз 70 дарсади ронандаҳо дар роҳҳои кишвар ҷавононанд, ки бештар ба худравҳои хориҷии тамғаи "Ланд крузер", "Ҷип", "Таёта", "Лексус" ва "Мерседес" бартарӣ медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG