Пайвандҳои дастрасӣ

Як хонандаи мо бо номи Субҳия нома навишта, аз истифодаи дашномҳои қабеҳ алайҳи занону модарон изҳори нигаронӣ кардааст.

"Мардони шарифи Тоҷикистон ва хоҳарони гиромӣ!

Аввал, барҳақ гуфта шудааст, ки “Биҳишт зери қудуми модарон аст." Вале дар кӯчаву хиёбон, нақлиёт, боғчаву мактаб, донишгоху донишкада, литсейу гимназияҳо ва дар хонавода ҳар лаҳза дашноми модару хоҳар апаву хола ва аммаву бибиро мешунавем.

Ин аст олами воқеии зан-модар дар фарҳанги мо. Оё марде пайдо хоҳад шуд, ки бигӯяд, боре ҳам дашноми модар надодааст? Шояд ангуштшумор бошанд ин қабил мардон.
Пешниҳод дорам, ки барои дашноми зан-модар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷазои маъмурӣ (ҷарима) муқаррар карда шавад, ҳадди ақалл ба андозаи истифодаи хлопушка...


Имрӯзҳо дашном ба унвони модар, оча, она, апа, хоҳар ва зан дар дохили деворҳои хонаводагӣ ва кӯчаву бозорҳо торафт баландтар ва зишттар ва бештару зиёдтар аз дигар марҳилаҳои таърихи кишвар аз забони тифлону ҷавонон, донишӯён ва мардон садо медиҳанд

Бархе аз онҳо ҳангоми таҳқири шахси дигар иборае ё сухане болотару нишонрастар аз дашном ва шикасти қадри зан-модар пайдо карда наметавонанд ва онро ифодакунандаи андозаи баландтарини хашми мардон меҳисобанд.

Боре шоҳиди чунин манзара гардидам, ки ду ҷавон бо ҳам салом доданду яке мегуфт "чӣ хели апата…" Дигарӣ дар ҷавоб гуфт, ки "ту чӣ хели хоҳарта..." Пас, бо ин гуна "мардон", ки таҳқири зан барояшон мисли дасту рӯй шустан, ришгирӣ маъмулӣ гашта, ҷои салому алейкро гирифтааст чӣ гуна метавон муқобилат кард?

Зеро таҳқир ба унвони зан қадами аввали зӯроварист ва шикастани қадри модар аст.

Таклифу пешниҳоде дорам, ки ба ифтихори воқеии модарону хоҳарон ҳимояи онҳо аз шикастани қадру манзалат ва шаъну шараф, барои дашноми зан-модар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷазои маъмурӣ (ҷарима) муқаррар карда шавад, ҳадди ақалл ба андозаи истифодаи хлопушка ё зиёдтар аз он.

Зеро зарари маънавии дашноми модар аз зарари хлопушка, ки бештар зарари ҷисмонӣ мерасонад, афзунтар аст ва таъсири он ба садсолаҳо дарозо мекашаду танҳо меваҳои талхро ба бор меорад.

Имрӯз нақши сиёҳу шуми дашноми модар дар рӯйихати монеаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар қатори ришвахориву камсаводӣ қарор гирифтааст."

Субҳия

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG