Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Рақибовҳо шурӯъ мешавад


Атовулло Рақибов бо ҳамсару фарзандонаш дар назди бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон (Акс аз бойгонӣ)

Атовулло Рақибов бо ҳамсару фарзандонаш дар назди бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон (Акс аз бойгонӣ)

Додгоҳи ноҳияи Файзобод гуфтааст, мурофиаи додгоҳии Атовулло Рақибов рӯзи 16-уми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Атовулло Рақибов дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, вай бо иттифоқи ҳамсар ва ду хоҳарарӯсаш даъватномаи додгоҳро дарёфт кардаанд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ӯ то ҳол вакили дифоъ ё адвокати худро надорад ва ин даъвати зудҳангоми додгоҳ барояшон мушкилро пеш хоҳад овард.

Мақомоти ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибовро барои худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ бунёд намудани манзили зист гунаҳкор медонанд.

Аммо худи Атовулло Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд карда, дорои сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошад.



Дар охири моҳи январи соли ҷорӣ мақомот алайҳи Атовулло Рақибов ва ҳамсару ду хоҳарарӯсаш парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ки мувофиқи ин санад онҳо ба "авбошӣ" муттаҳам мешаванд.

Ин парвандаи ҷиноӣ бар асоси шикояти ронандаи экскваторе, ки аз ҷониби Рақибов ва хонаводаи ӯ, ки гӯиё мавриди ҳамла қарор гирифта бошад, боз шудааст. Ронандаи экскватор аз мақомоти корҳои дохилӣ тақозо кардааст, ки барои таъмири шишаи эксватораш 1 ҳазору 600 сомонӣ аз хонаводаи Рақибов ситонида шавад.

Дар миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ Атовулло ҳамроҳи зану чаҳор фарзандаш дар назди бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон даст ба гуруснанишинӣ заданд.

Аммо ба қавли Рақибов, Омбудсмен ба ҷои кӯмаки ҳуқуқӣ аз кормандони умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақозо кардааст, ки Рақибов ва фарзандонашро аз бино берун андозанд. Кормандони умури дохилӣ онҳоро боздошт карда, баъдан ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод интиқол додаанд.

Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда, Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба ин қазия бетарафона бархӯрд накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG