Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хостори қатъи амалиёти НАТО дар Афғонистон шуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО даъват намуд, ки ба амалиёти низомӣ дар кишвар хотима бахшанд.

Изҳороти сарвари Афғонистон дар мулоқот бо пайвандони кӯдаконе садо дод, ки ибтидои ҳамин моҳ иштибоҳан аз сӯи низомиёни хориҷӣ дар вилояти Кунар кушта шуданд.

Аз ин пеш Ҳомид Карзай чандин бор аз сарбозони эътилофи байнулмилалӣ хоста буд, ки аз ҳалокати мардуми осоишта дар ҷараёни даргириҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Бар пояи гузориши ин ҳафта нашркардаи Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта талафот миёни мардуми осоиштаи Афғонистон назар ба соли 2009 15 дар сад афзоиш ёфт.
XS
SM
MD
LG