Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Атовулло Рақибов баргузор мешавад


Додгоҳи ноҳияи Файзобод эълон кардааст, ки мурофиаи судии Атовулло Рақибов, сокини деҳаи Заркамари ин ноҳия, рӯзи 16-уми феврал баргузор мегардад. Атовулло Рақибов дар тамос ба радиои Озодӣ гуфт, ки вай бо иттифоқи ҳамсар ва ду хоҳарарусаш даъватномаи додгоҳро дастрас намудааст. Ҳамзамон вай аз ин изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди фурсати кӯтоҳ, вай то ба ҳол вакили мудофеӣ худро надорад ва ин даъвати зудҳангоми додгоҳ барояшон ғайримунтазира будааст. Мақомоти ноҳияи Файзобод Атовулло Рақибовро барои худсарона ишғол шудани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ бунёд кардани манзили зист гунаҳкор медонанд. Ва аммо худи Атовулло Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд кардааст ва дорои сертификати ҳуқуқи истифода замин мебошад
XS
SM
MD
LG