Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи Габриэла Гиффордс беҳтар шудааст


Габриэла Гиффордс

Габриэла Гиффордс

Вазъи Габриэла Гиффордс, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби демократи Амрико, ки ду моҳ пеш ҳангоми дидор бо мардум дар аёлати Аризона ҳадафи ҳамлаи фарди мусаллаҳ қарор гирифта буд, хело беҳтар шудааст.

Ба гуфтаи табибон, Гиффордс, ки тир ба сараш хӯрдааст, аллакай гап мезанад ва бо кӯмаки дигарон роҳ меравад. Ва аммо хотираи ӯ эҳё нашудааст ва лаҳзаи сӯиқасд ба ҷонашро ёд надорад.

8 январи соли равон як сокини шаҳри Тусони Аризона сӯи хонум Гиффордс тир андохта буд. Дар ин тирандозӣ дар маҷмӯъ шаш нафар аз ҷумла як духтари нӯҳсола ва як додраси федеролии Амрико кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Фарди ҳамлагар Ҷеред Лаҳнер боздошт шуд ва аммо ӯ гуноҳи худро иқрор накардааст.
XS
SM
MD
LG