Пайвандҳои дастрасӣ

Оскар Биссет маҳбаси Кубаро тарк намуд


Истиқбол аз дигарандешони кубагӣ дар Испания

Истиқбол аз дигарандешони кубагӣ дар Испания

Дигарандеши маъруф Оскар Элиас Биссет маҳбасро тарк намуд.

Раҳоии ӯ аз зиндон дар чаҳорчӯби як созиш миёни калисои католикӣ ва ҳукумати Куба дар робита ба озод кардани тақрибан 50 маҳбуси сиёсӣ ба вуқӯъ пайваст. Калисо ба ин мавзӯъ баъд аз он дахолат намуд, ки моҳи феврали соли гузашта як дигарандеши гуруснагӣ эълоннамуда аз олам даргузашт.

Бештари дигарандешони то имрӯз раҳошуда барои ҳиҷрат ба Испания розӣ шуданд ва аммо Оскар Элиас Биссет эълом дошт, ки дар Куба боқӣ мемонад ва аз ин рӯ раванди озодии ӯ тӯл кашид.

Биссет соли 2003 ҳамроҳ бо 73 дигарандеши дигари кубагӣ дар ҷараёни як маъракаи густурдаи ҳукумат алайҳи мухолифин боздошт ва барои 25 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Соли 2007 раисиҷумҳури вақти ИМА Ҷорҷ Буш ба Оскар Элиас Биссет волотарин ҷоизаи шаҳрванди Амрико – медали Озодиро эҳто карда буд.
XS
SM
MD
LG