Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза боиси инфиҷор дар нерӯгоҳи ҳастаӣ шуд


Заминларзаи шадид дар Ҷопон боиси садама дар нерӯгоҳи ҳастаии воқеъ дар шарқи кишвар гардид. Дар нерӯгоҳи Фукушима-1 таркиш рӯх дод ва чанд тан аз кормандони он ҷароҳат бардоштанд.

Тибқи иттилоъи ахир, баъд аз хабари таркиш дар нерӯгоҳи ҳастаӣ, ки дар 150 километрии Токио воқеъ аст, ҳазорон сокинони пойтахти Ҷопон талош доранд то аз шаҳр берун раванд.

Хабар дода мешавад, ки 45 ҳазор сокинони манотиқи то 20 километр дуртар аз нерӯгоҳ ба мавзеъҳои амнтар кӯчонида шуданд.

Имрӯз ҳукумати Ҷопон хабар дод, ки теъдоди қурбониёни заминларза ва сунамӣ аз ҳазор нафар бештар аст. Дар шимол ва шарқи Ҷопон бар асари ин офати табиӣ биноҳои зиёде хароб шудаанд.
XS
SM
MD
LG