Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, субҳи имрӯз кормандони полис ба қароргоҳи мухолифин ҳамла карданд. Гуфта мешавад, ки ҳадди аққал як нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Мухолифин барои истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ, ки сӣ сол боз дар раъси кишвар аст, пойфишорӣ доранд. Намоишҳои эътирозӣ дар кишвар чанд ҳафта боз идома мекунанд ва дар ҷараёни бархӯрди мухолифин бо кормандони полис тақрибан 30 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ду рӯз пеш Алӣ Абдулло Солеҳ ваъда дода буд, ки Қонуни асосии кишварро тағийр медиҳад ва бархе аз ваколатҳояшро дар ихтиёри парлумон мегузорад.
XS
SM
MD
LG