Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойфишории Вошингтон ва Брюссел барои истеьфои Қаззофӣ


ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо барои аз саҳнаи сиёсӣ канор рафтани раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ пойфишорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Қаззофӣ машрӯъияти қонунии худро аз даст додааст.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ахиран боз таъкид кард, ки эҳтимоли иқдоми гуногуни ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дахолати низомӣ ба қазияи Либия, побарҷост.

Ба гуфтаи ӯ, "инак, дар марҳалаи феълӣ ягон иқдоми эҳтимолӣ аз рӯзнома берун нашудааст. Ман фикр мекунам, муҳим аст, ки мо, эътилофи байнулмилалӣ, то имрӯз фаврӣ амал кардем ва мавзӯъи таҳмили таҳримҳо болои Либияро ҳал намудем. Ва комилан рӯшан аст, ки канор рафтани ҷаноби Қаззофӣ ба манфиати Иёлоти Муттаҳида ва муҳимтар аз ин ба манфиати мардуми Либия аст".

Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте дар шаҳри Брюссел изҳор намуданд, ки мухолифини Либияро ҳамчун ҷониби музокирот эътироф кардаанд. Ва аммо, ба ҷуз Фаронса, ягон кишвари дигар Шӯрои миллии интиқолии Либияро, ки мухолифини Қаззофӣ дар шаҳри Бинғозӣ таъсис кардаанд, ба расмият нашинохтааст.
XS
SM
MD
LG