Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон: Шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар зилзилаи шадиди рӯзи ҷумъа дар Ҷопон, шаҳрвандони тоҷик осеб надидаанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, мувофиқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон, ки ин саҳар ба дасти онҳо расидааст, дар заминларзаи шадиди рӯзи ҷумъа дар ин кишвар, ҳеҷ яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надидаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Назрӣ, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 45 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон муқим ҳастанд, ки аксарияти онҳо донишҷӯён мебошанд.

ШАДИДТАРИН ЗИЛЗИЛА ДАР ТАЪРИХИ ҶОПОН

Мақомоти Ҷопон як рӯз пас аз бузургтарин заминларза дар таърихи ин кишвар мегӯянд, ҳанӯз хеле зуд аст то битавон мизони хисорот ва талафоти заминларза ва сунамии рӯзи ҷумъаро бароварда кард. То кунун мақомоти давлатӣ кушта шудани 300 нафарро таъйид кардаанд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Ҷопон мегӯянд эҳтимолан беш аз 1300 нафар кушта шудаанд.

Дабири кулли кобинаи Ҷопон ба хабарнигорон гуфтааст: «Мутаассифона мо бояд барои афзоиши хеле зиёди талафот омада бошем.»

Рӯзи ҷумъа заминларзае бо қудрати 8,9 дараҷаӣ дар соҳилҳои шимол-шарқии Ҷопон рӯй дод, ки лаҳзаҳое баъд ба мавҷҳои сунамӣ дар соҳилҳои ин кишвар мунҷар шуд.



Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки сомонаҳои хунуккунандаи реакторҳои нерӯгоҳи атомии «Фукушима» аз кор афтодаанд ва давлати Ҷопон ҳазорон нафар аз сокинони наздики ин нерӯгоҳро ба ҷои дигар интиқол додааст.

Пештар мақомоти давлатии Ҷопон гуфта буданд ба рағми ин, ки лӯлаҳои системаи хунуккунандаи ин нерӯгоҳ аз кор афтодаанд, вале ин нерӯгоҳ дар шароити бӯҳронӣ қарор надорад. Дар ҳамин замина Ҳилари Клинтон вазири умури хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа гуфта аст: «Нерӯи ҳавоии Амрико дастгоҳи хунуккунанда ба ин нерӯгоҳ мунтақил кардааст.»

Ин дар ҳоле аст, ки тафсилоти бештари заминларзаи 8,9 дараҷаӣ дар наздикии шаҳри Синдай, дар шимол-шарқии Ҷопон рӯй дод ва ба амвоҷи сунамӣ дар соҳилҳои ин кишвар мунҷар шуд, мушаххас мешавад. Баландаии мавҷҳои сунамӣ дар бархе минтақаҳои соҳилии Ҷопон ба беш аз даҳ метр расид ва хона ва мошинҳоро дар масир бо худ бурд.

Заминларзаи шадид дар Ҷопон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
Линки мустақим


Бисёре аз кишварҳо барои кӯмак ба Ҷопон эъломи омодагӣ кардаанд. Чин ба ҳамроҳи Амрико аз омодагии худ барои фиристодани нерӯҳои имдод хабар додааст.

Тасовири телевизионӣ аз сунамии рӯзи ҷумъа нишон медиҳад, ки мавҷҳои он теъдоди зиёди манзилҳои маскунӣ, мошинҳо шахси ва киштиҳоро бо худ мебарад. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, сунамӣ навори соҳилии наздик ба шаҳри Синдайро ба тӯлӣ 300 километр дар бар гирифтааст. Дар ин минтақа беш аз як миллион нафар зиндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG