Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки шаби панҷшанбе дар яке аз боздоштгоҳҳои Красноярск, як шаҳрванди Тоҷикистон даст ба худкушӣ задааст.

Баҳромқул Исломови 57 сола, ки дар боздоштгоҳи мувақатии Красноярск нигоҳ дошта мешуд ва бояд ба Тоҷикистон истирдод мегашт, шабона дар ташноби ин боздоштгоҳ даст ба худкӯшӣ зада бо алмос ё худ лезвия гулӯяшро чок мекунад ва ҷон медиҳад.

АНГЕЗАИ ХУДКУШӢ ЧӢ БУД?

Ин иттилоъро хабаргузориҳои Русия бо шумули Интерфакс бо такя ба мақомоти боздоштгоҳи рақами якуми Красноярск пахш намуда афзудааанд, ки Баҳромқул Исломов тибқи модаи 200-и банди 3-и Қонуни ҷазоии Тоҷикистон, бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир айбдор дониста мешуд.

Сомонаи русии Нюсру.Ком ва ИА Пресс-лайн.ру дар робита ба ангезаи худкушии Баҳромқул Исломов навиштааст, ки вай дар ҳоле ба худкушӣ даст задааст, ки бояд ба ватанаш истирдод мешуд.

Баҳромқул Исломов аз истирдодаш нороҳат буд ва намехост ба Тоҷикистон фиристода шавад. Вай нороҳатӣ ва норозигии худро борҳо бо афроде, ки дар боздоштгоҳ ҳамроҳаш будаанд, изҳор доштааст. Вале манобеи дигар роҷеъ ба сабаби худкушии Исломов иттилое надодаанд.

ВАЗОРАТИ ДОХИЛӢ БЕИТТИЛОӢ МЕКУНАНД

Дар ҳамин ҳол мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон вуҷуди номи Баҳромқул Исломовро дар феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯи мақомоти қудратии Тоҷикистон тасдиқ накард.

Сардори муносибатҳои байналмилалӣ ва дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон Абдусамеъ Додобоев гуфт, як теъдод аз афроде, ки дар дохили кишвар бо ҷиноёт аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир даст зада дар Русия пинҳон шуда буданд, соли гузашта ба Тоҷикистон оварда шуданд: «Вобаста ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷиноятҳо даст зада дар Русия ва кишварҳои дигар пинҳон шуда буданд, дар соли 2010 наздики 66 нафар ба Тоҷикистон оварда шуда ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд».

ДАҲҲО ТОҶИК ДАР МАҲБАСҲОИ РУСИЯ

Ва аммо ба қавли хуқуқшиносони тоҷик, даҳҳо тан аз сокинони Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳои шаҳру вилоятҳои Русия бо қазияҳои сохта ба сар мебаранд ва бо сарнавишти Баҳромқул Исломов рӯ ба рӯ мешаванд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон иттилоъ надоранд.

Ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, раиси Созмони «Перспектива плюс» мегӯяд, ки дар масъалаи сарнавишти шаҳрвандоне, ки аз ҷониби мақомоти Русия бо сабабаҳои мухталиф боздошт ва ё дар Русия паноҳ мебаранд, бояд мақомоти Тоҷикистон, ки дар ин кишвар намояндагӣ доранд, ба мисли Додситонӣ ва вазорати шуғли аҳолӣ дар бораи онҳо огоҳӣ ва маълумот дошта бошад.

"Мақомоти давлатии Русия ба тақозоҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар мавриди дарёфти гузориш аз аҳволи шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳбасу боздоштгоҳҳои ин кишвар чандон аҳамият намедиҳанд ва хоҳиши ҳамкорӣ надоранд. Ин масъулияти мақомоти ҳукумати Тоҷикистон аст, ки иртиботи фаъол бо мақомоти зидахли Русия дошта бошад ва барои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузориш диҳанд, ки вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар чӣ аст?"

Бино ба иттилои сомонаҳои хабаргузории Русия, ки ба маълумоти Вазорати умури дохилаи ин кишвар такя кардаанд, феълан ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон танҳо бо ҷурми даст доштан ба қочоқи маводи мухаддир дар шаҳру вилоятҳои ин кишвар пинҳон шудаанд ва мавриди пайгард қарор доранд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар масъалаи сарнавишти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти қудратии Русия боздошт мешаванд, танҳо ба маълумоти пешниҳодии ниҳодҳои Русия такя мекунанд.

БОЗОРИ ҲЕРОИН ҲАНӮЗ "ГАРМ" АСТ

Ба назари таҳлилгарон, сабабҳои аслии аслии ба қочоқи маводи мухаддир даст задани шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мақомоти интизомии Точикистон ва минтақа талош мекунанду ҷилавгирӣ карда наметавонанд, яке аз ин ду мебошад: Аввал афроде, ки дар миёни онҳо занону калонсолон низ ҳастанд, аз ҷониби гурӯҳҳои мафиёии қочоқи маводи мухаддир ҷалб карда мешаванд. Дуввум, зиндагии сангини иҷтимоӣ баъзе шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дарёфти пул барои таъмини рӯзгор водор мекунад, ки даст ба қочоқи маводи мухаддир бизананд.

Баъзе манобеи мақомоти қудратии Тоҷикистон, ки бо ниҳодҳои зидахли Афғонистон ҳамкорӣ доранд мегӯянд, ки агар дар Кобул фӯрӯши як килограм ба истилоҳ «чакана»-и ҳероин 2-3 ҳазор доллар бошад, ҳангоми интиқол ба Тоҷикистони ҳамсоя қимати он то ба 5 ҳазор доллар боло меравад ва дар сурати ба Русия расидан, ҳамин миқдори ҳероин аз 15 то ба 20 ҳазор доллар қиммат пайдо хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG