Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи ҷумъа дар Кишинёв, пойтахти Молдова, ин кишварро ба мубориза бо фасод ва роҳандозии ислоҳоти демократӣ даъват кард. Аз замони истиқлоли Молдова дар соли 1991 Байден баландтарин мақоми амрикоист, ки аз ин кишвари пасошӯравии Аврупои шарқӣ боздид мекунад. Байден ба як издиҳоми иборат аз ҳудуди 3000 нафар дар Кишинёв гуфт, Вошингтон “аз ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ дар Молдова пуштибонӣ мекунад. Байден бо ишора ба низоъ бар сари вилояти ҷудоиталаби Трансднестр гуфт, ояндаи ин минтақа дар Молдова ва ояндаи Молдова дар Аврупост. Русия дар ин минтақаи ҷудоихоҳи эътирофношуда ҳудуди 1500 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG