Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Ҷопон дар бораи ҳалокати садҳо нафар хабар мерасад


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ба пайвандони қурбониёни офоти ахири табиӣ дар Ҷопон изҳори ҳамдардӣ кард.
Рӯзи ҷумъа дар пайи заминларзаи қариб 9-баллӣ мавҷи 10-метрии тсунамӣ ба соҳилҳои шимолушарқи Ҷопон асобат кард. Ин сангинтарин зилзила дар таърихи Ҷопон буда, мақомот мегӯянд, дар натиҷаи ин офоти табиӣ беш аз 60 нафар ҳалок ва чандин тани дигар бенишон шудаанд. Бархе гузоришҳо бо такя ба пулиси Ҷопон ҳокии кашф шудани то 300 ҷасад дар соҳилҳои шимолушарқи ин кишвари ҷазираист.
Маркази огаҳӣ аз тсунамӣ дар Ҳавай аз имкони чунин тӯфон дар тамоми ҳавзаи Уқёнусия ҳушдор дода, сарвазири Ҷопон Наото Кан гуфт, зилзила «харобиҳои бузург» ба ҷо гузошт.
Мақомот дар пайи хароб шудани дастгоҳҳои нирӯгоҳи ҳастаии Фукушима ба мардум амр додаанд, манотиқи атрофи нирӯгоҳро тарк кунанд. Аммо ба гуфтаи мақомот, аз ин нирӯгоҳ ягон навъ радиатсия хориҷ нашудааст.
XS
SM
MD
LG