Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё "интернет-журналистика" бахши матбуот нест?


Дар тарҳи Қонуни воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон, мафҳуми "интернет-журналистика" ворид нашудааст.

Ин хабар намояндагони "интернет-журналистика"-ро, ки аз эҳтимоли контроли ҳукумат бар матолиби интернетӣ бим доштанд, то ҷое ором кард.

Вале ин санад ҳанӯз ба парлумон ворид нашудааст ва пешгӯӣ кардан душвор аст, ки бархӯрди намояндагони мардумӣ бо он чӣ гуна хоҳад буд.

"ТАЪРИФИ ДАҚИҚ НАДОРАД"

Олимҷон Салимзода
, сарвари гурӯҳ ва раиси Кумитаи байнулмилалӣ,
Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи байнулмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди бархе коршиносон дар бораи танзими фаъолияти "интернет- журналистика" ба он далел қабул нашуд, ки он то ҳол таърифи дақиқ надорад: "Баҳс то ҷоест, ки дар миёни олимони соҳаи журналистикаи ҳам Русия, ҳам Белорус, ҳам Украинаву худи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бархе интернетро ҳам журналистика мегӯянд. Баъзеҳо мегӯянд: "На. Ин як воситаи техникӣ аст, ки иттилоро аз ҷое ба ҷое мерасонад." Азбаски баҳсҳо зиёданд ва сари мақсад наомадаанд, назари шахсии ман он аст, ки на "интернет-журналистика", балки "онлайн-журналистика" гӯем ва онро ҳамчун восита қабул дорем."

Ҷаноби Салимзода зимни ширкат дар як мизи гирд, ки аз сӯи Бунёди Сорос созмон ёфт ва ба баҳси тағйиру иловаҳо ба қонуни нави воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон, бахусус қисмати марбут ба интернет бахшида шуд, сӯҳбат мекард.

ФАЗОИ ИНТЕРНЕТӢ НОҚИС АСТ

Асомуддин Атоев, раҳбари Академияи маҷозии фанновариҳои иттилоотиву мухобиротӣ бо истиқбол аз хулосаи гурӯҳи корӣ гуфт, фазои интернетӣ дар Тоҷикистон ноқис аст ва бо вуҷуди ин, ки кишвар аз лиҳози фанновариҳои
Асомуддин Атоев, раҳбари Академияи маҷозии фанновариҳои иттилоотиву мухобаротӣ
ҷадид дар Осиёи Марказӣ мақоми аввалро соҳиб гаштааст, мундариҷаи тоҷикии интернет хеле заъфҳо дорад. Вай афзуд, бо танзими интернет аз роҳи қонунӣ, Тоҷикистон худро ва ҷойгоҳи худро дар ин дунёи маҷозӣ маҳдуд мекунад: "Агар бо ин қонун ба танзим дароварда шавад, дар он ҳолат аҳвол боз бадтар мешавад, зеро интернет хусусиятҳои интерактивии марбут ба ахбори оммаро надорад. Идораи ҳафтанома нашр мекунад, паҳн мекунад, хонанда онро мехонад. Аммо интернет фақат восита аст ва ин гуна нест."

Тибқи иттилои Бунёди ҷамъиятии "Интернет", домени тоҷикии tj, ки аз соли 2004 ба ин сӯ амал мекунад, ҳоло 6 ҳазор сафҳаро дарбар мегирад ва танҳо 10 дарсади онро сомонаҳо ташкил медиҳанд.

Аммо иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, дар лоиҳаи қонун як нукта дар бораи "воситаҳои иттилоотии шабакавӣ, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ паҳн мешаванд" вуҷуд дорад, ки мантиқан, интернетро низ дарбар мегирад.

НИГАРОНӢ АЗ МАҲДУДИЯТҲО

Султони Ҳамад, сардабири сомонаи "ruzgor.tj" мегӯяд: "Маҳсулоти мо тариқи шабакаи барқӣ паҳн мешавад ва интернетро ин мафҳум як дараҷа пӯшиш медиҳад. Шояд мавҷудияти ҳамин нукта дар қонун,
Султони Ҳамад, сардабири сомонаи «ruzgor.tj»
оянда барои журналистикаи интернетӣ мушкил эҷод кунад."


Коршиносон мегӯянд, рӯзноманигорон пас аз масдуд кардани сомонаҳо ва манъи чопи нашрияҳо дар Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки қонуни нав барояшон маҳдудиятҳои бештар хоҳад овард ва аз ин хотир, ҷонибдори ворид накардани интернет-журналистика дар қонун ҳастанд.

Аз сӯи дигар Умрулло Меликов, коршинос дар умури ҳуқуқ, мегӯяд, агар интернет-журналистика аз сӯи қонун воситаи ахбори умум эътироф нашавад, пас, рӯзноманигорони машғул дар ин соҳаро кӣ метавон номид?

"Яъне пурра бартараф кардани ин мафҳум аз қонун низ оқибати дигарро ба вуҷуд меорад ва ин ҳол баҳои қонунии худро талаб мекунад"
,-афзуд ӯ.

БА МАВОДИ ТАҲҚИРОМЕЗ КӢ ҶАВОБ МЕДИҲАД?

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" мегӯяд, дар ҳоли пахш шудани маводи таҳқиромез дар ягон сомона бояд ҷавобгар дошта бошад: "Кӣ гунаҳкор аст? Оне, ки бо имзои мустаор навиштааст? Паҳнкунанда, яъне сомона ё дигар истифодабарандаи интернет? Ё интернетрасон? Аз танзими қонунии ин
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет»
равандҳо набояд ҳарос кард. Балки бояд таҳлил кард ва хулосаи дурустро ба миён овард."

Олимҷон Салимзода, раҳбари гурӯҳи омода кардани лоиҳаи Қонуни воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳа 18-уми марти соли равон ба баррасии парлумони кишвар пешниҳод хоҳад шуд. Вай афзуд, дар қиёс бо қонуни пешин, он барои рӯзноманигорон майдони бештари фаъолияти озодро фароҳам хоҳад кард.

Қонуни қаблии воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон соли 1990 аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, ки ба қавли бархе коршиносон, то ба ҳол беҳтарин қонуни ин соҳа дар минтақа маҳсуб мешавад, аммо қонуни нав ба ҳеҷ ваҷҳ аз он беҳтар нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG