Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳои густарда дар Яман


Гирдиҳамоии мухолифини Солеҳ дар Санъо
Гирдиҳамоии мухолифини Солеҳ дар Санъо
Дар Яман баъд аз адои намози ҷумъа даҳҳо ҳазор тан аз мухолифон ва тарафдорони раиси ин ҷумҳурӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба хиёбонҳо рехтанд. Мухолифони 32 соли раҳбарии Солеҳ дар донишгоҳи Санъо – пойтахти Яман– гирди ҳам омаданд. Тазоҳуроти ҷавобӣ бо ширкати тарафдорони ҳокими 68-солаи ин кишвари фақири нимқораи Араб дар майдони Таҳрир доир шуд. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, муттаҳиди Амрико дар набард алайҳи бахши маҳаллии шабакаи Ал-Қоида, рӯзи панҷшанбе то як соли дигар аз роҳи райъпурсӣ тасвиб кардани Қонуни нави асосӣ ва таҳияи қонуни ҷадиди интихоботро пешниҳод кард. Намояндагони мухолифин аммо ин пешниҳодро “хеле ночиз ва хеле дер” номида, радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG