Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти дастикам 15 эътирозгар дар Боку


Саркӯбии эътирозҳо дар пойтахти Озарбойҷон
Саркӯбии эътирозҳо дар пойтахти Озарбойҷон
Пулиси Озарбойҷон рӯзи ҷумъа дар ҷараёни эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Боку дастикам 15 нафарро дастгир кардааст. Ҷавонон дар кӯчаҳои пойтахт “Озодӣ” гӯён шиор мезаданд. Фаъолони озарӣ бо илҳом аз эътирозҳои Ховари Миёна тавассути Интернет мардумро ба тазоҳуроти зидди давлати Илҳом Алиев даъват карданд. Мақомоти Озарбойҷон аммо ҳанӯз то баргузории “Рӯзи бузурги мардум” чандин тан аз фаъолони шинохтаро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт карданд, ки мояи нигарониҳои байналмилалӣ шудааст. Рӯзи ҷумъа ҳузури нирӯҳои амниятӣ дар атрофи донишгоҳи бузургтарини Боку ва ҳам дар истгоҳҳои метрои пойтахт афзоиш ёфта буд.
XS
SM
MD
LG