Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли раиси пулиси Қундузро Толибон ба дӯш гирифт


Масъулияти бомбгузории маргталабонаеро, ки мунҷар ба ҳалокати раҳбари пулиси вилояти Қундуз ва 4 тани дигар дар шимоли Афғонистон шуд, Толибон бар ӯҳда гирифт. Раҳбари пулиси Қундуз Абдулраҳмон Саидхелӣ шаби панҷшанбе роҳҳои Қундузро назорат дошт, ки маргталаби мотосиклсаворе худро дар назди ӯ тарконд. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ин таркишро ҷангиёни исломӣ анҷом додаанд. Раҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай ин ҳамларо шадидан маҳкум кард.
Вилояти қаблан ороми Қундуз ва бархе манотиқи дигари шимоли Афғонистон дар моҳҳои охир бо мавҷи афзояндаи хушунатҳо рӯбарӯ шудаанд.
XS
SM
MD
LG