Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Беларус Бреус ва Гапоновро ҷарима баст


Бреус ва Гапонов дар толори мурофиа

Бреус ва Гапонов дар толори мурофиа

Ду шаҳрванди Русия – Артём Бреус ва Иван Гапонов – бо ҷурми ширкат дар эътирозҳои пасоинтихоботии Беларус 3 000-долларӣ ҷарима баста шуданд. Ҷазои нисбатан сабуки онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи башар ба сафари қарибулвуқӯъи сарвазири Русия Владимир Путин бастагӣ медиҳанд. Путин рӯзи 15 март вориди Беларус хоҳад шуд.
Қаблан 4 шаҳрванди Беларус бо айни ҷурми ширкат дар эътирозҳое, ки рӯзи 19 декабр дар пайи эълони пирӯзии навбатии Аляксандр Лукашенка дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ пойтахт, Минскро фаро гирифт, аз 3 то 4 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Дар пайи он эътирозҳо садҳо нафар, бо шумули 4 рақиби Лукашенка дар интихобот, боздошт шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG