Пайвандҳои дастрасӣ

Шиддат гирифтани танишҳои қавмӣ дар Бесағош


Таҷовуз ба номуси як духтари ҷавон ва қатли баъдии ӯ дар поёни моҳи феврал дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон боиси шиддати танишҳои байниқавмӣ шудааст. Даҳҳо сокини рустои Бесағоши ноҳияи Талғар шоми панҷшанбе ихроҷи хонаводаи курдтабори гумонбар дар ин ҷиноятро аз ин русто талаб карданд. Тазоҳургарон ҳатто талош кардаанд, манзили ин хонаводаро оташ бизананд, вале пулис аз ин ҳамла ҷилавгирӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG