Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Душанбе ба ҷашнвораи театрии "Наврӯз-2011"


Театри ба номи Лоҳутӣ - яке аз саҳнаҳои ҷашнвораи имсола
Театри ба номи Лоҳутӣ - яке аз саҳнаҳои ҷашнвораи имсола
Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - «Наврӯз — 2011» бо ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрону Афғонистон, қарор аст, аз 5 то 9 апрел дар Душанбе баргузор шавад. Гулмуҳаммад Давлатов, як масъули ин ҷашвора дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, алакай 6 кишвар барои ширкат дар озмуни «Наврӯз-2011» изҳори омодагӣ кардаанд. Аммо ба гуфтаи масъулони ҷашнвора, Узбакистон то ҳол маълум накардааст, ки оё дар «Наврӯз-2011» ширкат хоҳад кард ё на. Дар рӯзҳои иди Наврӯз баргузории ҷашнвораи театрҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Парасту» низ дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG