Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии як маҳбуси тоҷик дар Красноярски Русия


Як шаҳрванди 57-солаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи шаҳри Красноярски Русия ба гулӯи худ теғ зада, худкушӣ кардааст. Бино ба хабарҳо, Баҳромқул Исломов бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ҷустуҷӯ мешуд ва парвандаи истирдоди ӯ ба Душанбе ҳанӯз дар дасти баррасӣ қарор дошт. Мақомоти Русия аз қавли зиндониёни дигар гуфтаанд, ки Исломов намехост ба Тоҷикистон мустарид шавад ва ба ҳамин хотир даст ба ҷони худ зад. Ҳамроҳ бо ӯ як маҳбуси 32-солаи рус низ қасди худкушӣ кардааст, вале Василий Паршинро наҷот додаанд.
XS
SM
MD
LG