Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони ИА зоҳиран истеъфои Қаззофиро хоҳанд хост


Раҳбарони ИА рӯзи ҷумъа дар Брюссел буҳрони Либияро баҳс мекунанд. Интизор меравад, сарони ИА истеъфои ҳокими Либия Муаммар Қаззофиро талаб ва алайҳи режими ӯ таҳримоти бештар эъмол кунанд. Дар остонаи нишасти Брюссел сарони Фаронсаву Бритониё дар як номаи муштарак аз ИА даъват карданд, то Шӯрои чирикиҳои Либияро ба ҳайси як нирӯи сиёсӣ бишиносад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон, нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ чирикиҳоро аз бандари муҳими нафтии Рослонуф берун андохта, зоҳиран исёни зидди Қаззофӣ дар шаҳри Зовия, дар ғарби пойтахти Либия –Троблус низ комилан саркӯб шудааст.
XS
SM
MD
LG