Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни зилзила ва тсунамӣ дар Ҷопон 26 нафар шуд


Бар асари заминларзаи 8,9-баллӣ ва асобати мавҷи 10-метрии тсунамӣ ба соҳилҳои Ҷопон дастикам 26 нафар ҳалок ва чандин тани дигар беномунишон шудаанд. Наворҳои аз чархбол бардошташуда ҳокист, ки мавҷи об дар роҳаш ҳама чиз, бо шумули мошинҳову киштиҳо ва сохтмонҳоро шуста мебурд. Заминларзаи рӯзи 11 март сангинтарин зилзила дар таърихи Ҷопон дониста мешавад. Маркази хабардорӣ аз тсунамӣ дар Ҳавай аз имкони баланд шудани мавҷи чунин тӯфон дар тамоми ҳавзаи Уқёнусия ҳушдор дода, сарвазири Ҷопон Наото Кан гуфт, зилзила «харобиҳои бузург» ба ҷо гузошт.
Ожонси байналмилали нирӯи ҳастаӣ дар Вена гуфт, нирӯгоҳҳои ҳастаии наздик ба манотиқи зилзилазада дар Ҷопон ба хотири амният қатъи фаъолият кардаанд.
XS
SM
MD
LG