Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори нигаронии ИА аз боздошти ҷавонон дар Озарбойҷон


Эътирози як гурӯҳи ҷавонон дар Боку
Эътирози як гурӯҳи ҷавонон дар Боку
ИА аз боздошти фаъолони ҷавон дар Озарбойҷон, ки мехостанд алайҳи ҳукумати раиси ин ҷумҳурӣ Илҳом Алиев як эътирози густарда ташкил диҳанд, изҳори нигаронӣ кард.
Ҳайъати ИА дар Боку гуфт, "аз гузоришҳои афзоянда роҷеъ ба боздошти фаъолони ҷавон дар ин кишвар" нигарон шудааст.
Як гурӯҳи ҷавонон бо илҳом аз эътирозҳои Ховари Миёна тавассути шабакаи иҷтимоии “Facebook” ба баргузории чунин як эътироз дар рӯзи 11 март даъват карданд. Аммо мақомоти Озарбойҷон бо иттиҳомоте, ки мухолифин ҷаълиаш мехонад, фаъолони ин ҷунбишро боздошт карданд. “Amnesty International” аз Боку даъват кард, то “саркӯбиро билофосила қатъ кунад ва баргузории эътирозҳои осоиштаро ба фаъолон иҷозат диҳад.”
XS
SM
MD
LG