Пайвандҳои дастрасӣ

Байден имрӯз вориди Молдова мешавад


Байден дар гуфтугӯ бо Путин

Байден дар гуфтугӯ бо Путин

Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи ҷумъа дар идомаи силсилсафараш ба Аврупо вориди Молдова мешавад. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар Русия бо раҳбари ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев ва сарвазираш Владимир Путин мулоқот кард.
Қарор аст, дар Молдова Байденбо сарвазир Владимир Филат ва кафили раёсати ин ҷумҳурӣ Мариан Лупу мулоқот карда, Кишинёвро ба ҳалли низоъ бар сари вилояти ҷудоиталаби Трансднестр ташвиқ кунад. Суханронии Ҷо Байден дар майдони Операи Кишинёв низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG