Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Амрико барои ислоҳоти демократӣ дар Осиёи Марказӣ


Амрико бо ишора ба таҷрибаи шӯришҳо дар Ховари Миёна, ҳокимони худкомаи минтақаро ба ислоҳоти сиёсӣ хонд.

Роберт Блейк, ёвари Котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, рӯзи панҷшанбе гӯфт, ки алорағми интихоботи озод ва шаффофи Қирғизистон, дар моҳи октябри соли гузашта, кишварҳои дигари минтақа ҳамчунон аз демократия дар канор мондаанд.

Иёлоти Муттаҳида дар ҳоле бештар саргарми Осиёи Марказӣ шудааст, ки ин минтақа дар заминаи интиқоли маводи ғайринизомӣ ба нирӯҳои Амрико дар Афғонистон, дар муқоиса бо роҳҳои ноамни Покистон ба ҷодаи роҳаттар ва пурсамар табдил шудааст. Гузашта аз ин ширкатҳои амрикоӣ аз захоири нафту гази кишварҳои Осиёи Марказӣ масусан Қазоқистон баҳра мебардонад. Дар минтақае, ки Русияву Чин низ барои афзоиши нуфузу ҷойгоҳ рақобат меварзанд.

Ҷаноби Блейк дар идома афзуд, кишвараш бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи мубориза бо даҳшатафканӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкориҳои тангонанг дорад ва дар солҳои гузашта гуфтугӯҳои созанда ва стратегиро бо бо ҳар яке аз ин кишварҳо ба роҳ мондааст.

Блейк мегӯяд, "Онҳо дар масоили демократия, ҳуқуқи башар ва озодиҳои мазҳабӣ гуфтугӯҳои доштанд, вале дар масълаи дигаргуниҳои демократӣ ба андозаи Қирғизистон пешрафт накарданд."

Ёвари Котиби Давлатии Амрико зимни гузоришдиҳӣ ба Конгрес гуфт, Иёлоти Муттаҳида талош хоҳад кард, ки он чӣ дар Миср ва Тунис ҷараён дорад, ба раҳбарони Осиёи Марказӣ гӯшзад намояд, ки онҳо ниёз ба сохтори сиёсӣ ва иқтисодие доранд, ки ҷавобгӯи хостаҳои ҷавонон ва мубориза бо фасод дар маркази ин сиёсатҳо бошад.

Ин мақоми Амрико дар идома аз танишҳои қавмӣ дар Қирғизистон, ки бар асари он беш аз 400 нафар кушта шудаанд, ёдовар шуд ва аз имкони бурузи танишҳои монанд ба ин дар кишварҳои дигари минтақа нигаронӣ кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG