Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Порису Лондон ба эътирофи расмии чирикиҳо


Мулоқоти Саркозӣ бо намояндаи чирикиҳои Либия

Мулоқоти Саркозӣ бо намояндаи чирикиҳои Либия

Фаронсаву Бритониё дар як номаи муштарак аз ИА даъват карданд, то Шӯрои чирикиҳои Либияро ба ҳайси як нирӯи воқеъии сиёсӣ ба расмият бишиносад. Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва сарвазири Бритониё Девид Камерон навиштаанд, машрӯъияташро гум кардани режими Муаммар Қаззофӣ чизе яқин шудааст ва ӯву атрофиёнаш бояд бираванд.
Буҳрони Либия рӯзи ҷумъа дар нишасти сарони ИА дар Брюссел мавзӯъи асосӣ хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, дар пайи ҳамла бо тонкҳову тӯпхонаҳои нирӯҳои Қаззофӣ чирикиҳои Либия аз бандари Рослонуф ақибнишинӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG