Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 7 тоннаву 228 кило прекурсорро кашф ва мусодира кардаанд. Нуруллоҳ Шарифов, сухангӯи гумруки Тоҷикистон гуфт, ин миқдор ангидриди кислотаи сулфат, ки дар роҳ ба сӯи Афғонистон дар вилояти Суғд мусодира шуд, барои тавлиди 4 тонна Оқои Шарифов афзуд, ин дуввумин мавриди кашфи прекурсорҳои қочоқӣ дар таърихи гумруки Тоҷикистон буда, соли гузашта ҳам дар вилояти Суғд қариб 404 кило ангидриди кислотаи уксус, ки низ барои тавлиди ҳероин истифода мешавад, кашф шуд.
Ба бовари мақомот, ин прекурсорҳо аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон қочоқ мешаванд. 90 дарсади ҳероин ва афюни ҷаҳон, қарори маълум, дар Афғонистон тавлид мешавад.
Хабари боздошти чунин мақодири бузурги прекурсорҳо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2 ҳафта баъд аз интисоби Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, ба симати раҳбари бахши мубориза бо қочоқи Хадамоти гумрук нашр шуд.
XS
SM
MD
LG