Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми 62-юми Тоҷикистон аз лиҳози фоизи вакилони зан


Мағфират Хидирова - раиси фраксияи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Мағфират Хидирова - раиси фраксияи ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Тоҷикистон аз лиҳози фисади ҳузури вакилони зан дар парлумонаш дар байни 188 кишвари ҷаҳон дар мақоми 62-юм будааст. Бино ба ҳисоби Иттиҳоди байнипарлумонӣ, 12 курсӣ аз 63 курсии парлумони Тоҷикистон, ё 19 дарсадаш дар дасти вакилони зан аст. Тоҷикистон аз ин нигоҳ дар Осиёи Марказӣ аз Қазоқистону Туркманистон пешдаст буда, вале аз Қирғизистону Узбакистон ақиб мемонад.
Дар ин раддабандӣ мақоми аввалро ғайричашмдошт кишвари африқоии Руанда гирифт, ки 56 дарсади вакилони парлумонаш занон будаанд. Парлумонҳои 11 кишвар, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Умону Қатар, ягон вакили зан надоранд.
XS
SM
MD
LG