Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"ТоҷикЭйр" парвозҳо ба Теҳронро афзоиш медиҳад


Ширкати «ТоҷикЭйр» хабар дод, ки аз 19 март шумори парвозҳояш дар масири Душанбе-Теҳронро афзоиш хоҳад дод. Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкат ба «Азия Плюс» гуфтааст, аз арафаи Наврӯз парвозҳо дар ин масир ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе – тавассути ҳавопаймои «Боинг-737» анҷом хоҳад ёфт. «ТоҷикЭйр» шумори парвозҳояш ба пойтахти Эронро дар поёни моҳи январ коҳиш дода буд.
«ТоҷикЭйр» парвозҳояш аз Душанбе ба шаҳрҳои Екатеринбург ва Новосибирски Русияро низ аз сар гирифтааст. Парвозҳо ба Екатеринбург ҳар рӯзи ҷумъа ва ба Новосибирск дар ду ҳафта як маротиба дар рӯзҳои шанбе иҷро хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG