Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи додгоҳи парвандаи қатли бозоркоми Исфара


Додгоҳи вилояти Суғд ба баррасии парвандаи 8 нафари муттаҳам дар қатли Каримбой Ҳомидов, раиси собиқи бозори марказии Исфара шурӯъ кард. 7 тан аз ин муттаҳамин ба даст доштан дар қатли бозорком ва якеи дигар ба хабар надодан ба мақомот айбдор мешаванд. Ҳомидбой Каримов баъди адои 4 сол ҳукми зиндон дар таърихи 30 августи соли гузашта дар як сӯъиқасди мусаллаҳона кушта шуд.
XS
SM
MD
LG