Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Борис Ковалчук аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"


Раҳбари раёсати ширкати "Интер РАО ЕЭС"-и Русия вориди Тоҷикистон шуда ва аз нерӯгоҳи "Сангӯда-1" дидан кард.

Қарор аст баъд аз зӯҳри имрӯз, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дидору гӯфтӯгӯ анҷом диҳад.

Николай Горелов, сухангӯи ширкат "Интер РАО ЕЭС"-и Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин як сафари корӣ буда, дар он масоили марбут ба нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳарчанд ҷаноби Горелов ҷузъиёти бештаре дар ин бора ироа накард, вале гуфта мешавад, ки дар мулоқоти Борис Ковалчук бо раисҷумҳури Тоҷикистон мавзӯи қарзи ширкати "Барқи тоҷик" ба ширкати нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энержӣ баррасӣ шаванд.

Чархаи нахустини нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар авохири моҳи январи соли 2008 ба кор дароварда шудааст. Аммо тарҳи сохтмони ин нерӯгоҳ ҳанӯз дар соли 1986 тарҳрезӣ ва шурӯъ шуда, баъдан бунёди он ба иллати низоъҳои дохили кишвар ва адами сармоя ба таъхир уфтода буд.

Сохтмони ин нерӯгоҳ дар моҳи апрели соли 2005 бо сармоягузории ширкати РАО ЕЭС-и Русия дубора аз сар гирифта шуд.

Ҳоло нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" бо зарфияти солонаи 670 мегаватт, бузургтарин тарҳи энержӣ дар қаламрави кишварҳои Шӯравии пешин аст, ки Русия дар бунёди он маблағи 700 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст. Ба ин далел, 75 дарсади саҳмияи неругоҳ низ дар ихтиёри Русия аст.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ин сафари ҳайъати ширкати "Интер РАО ЕЭС"-и Русия, ки ба дунболи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сурат гирифтааст, имкон дорад мавзӯи сармоягузории Русия дар сохтмони нерӯгоҳҳои ҷадид дар Тоҷикистон низ матраҳ бишавад.
XS
SM
MD
LG