Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷаҳони варзиш”: Нокомии Тоҷикистон дар сабқати интихобии олимпӣ


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар бозии ҷавобии сабқати интихобии Лондон-2012 аз тими Умон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Бозии дуввуми ин дастаҳо 9-уми март дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Як голи мизбононро ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 40-уми нимаи аввали дидор ба самар расонд. Вале дар нимаи дуввум меҳмонон се гол заданд (Ҳусейн Алӣ Ал-Ҳадрӣ, дақиқаҳои 48-ум, пенолти ва 72-юм, Фаҳад Рашид, 52) ва бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин бозӣ: Муродов, Мародмамадов, Калугин (Тиллоев, 62), Назаров, У. Шарифов (Раҳматов, 72), Шоҳзуҳуров, Файзов, Б. Чориев, Қарабоев, И. Ҳабибуллоев, Тухтасунов.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввал низ дар шаҳри Маскат бо пирӯзии Умон бо ҳисоби 4:1 ба анҷом расида буд. Ҳамин тариқ Умон ба даври баъдӣ, ки рӯзҳои 19-ум ва 23-юми июни соли равон баргузор мешавад, роҳ ёфт.
Инчунин дастаҳои мунтахаби олимпии Эрон, Ҳиндустон, Кувайт, Ҳонконг, Урдун, Туркманистон, Тайланд ва Малайзия дар даври дуввум ширкат хоҳанд кард.

Ду дастаи дигар пас аз натиҷагирии бозиҳои даври аввал миёни тимҳои Аморати Муттаҳидаи Араб - Шри-Ланка ва Яман - Сингапур маълум мешавад. Ҷуфтҳои ширкаткунандаи даври дуввуми мусобиқот бар асоси қуръакашӣ 30-юми март муайян хоҳанд шуд.

Вале дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои роҳхатҳои Олимпиадаи Лондон-2012 маҳрум гашт.

Шариф Назаров, сармураббии тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон, иллати нокомии дастаашро дар ин сабқат, аслан, дар камтаҷрибагии футболбозони тоҷик медонад. Вай, инчунин, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки раҳбарони тими “Истиқлол”-и Душанбе барои сафар ба Умон бархе аз бозигарони асосӣ, монанди ҳамлагар Комил Саидов, нимҳимоятгарон Фатҳулло Фатҳуллоев ва Нуриддин Давроновро иҷоза надоданд. Онҳо дар бозии ҷавобӣ низ ширкат накарданд.

Инчунин боз чаҳор бозигари “Истиқлол” - ҳимоятгарон Эраҷ Раҷабов, Сергей Абрамов, нимҳимоятгар Ҷаҳонгир Ҷалилов ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, ки дар бозии аввал иштирок доштанд, дар бозии дуввум набуданд. Онҳо пеш аз ин бозӣ дар ҳайати тими “Истиқлол” ба Туркия сафар кардаанд. Ҳамчунин дар бозиҳои сабқати интихобӣ, афзуд Шариф Назаров, ягон легионер ширкат надошт.

Ба ин тартиб дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки мухлисонашро ноумед кард, метавонад танҳо пас аз чаҳор соли дигар дар сабқати интихобии Бозиҳои олимпии соли 2016-ум ширкат варзад.
XS
SM
MD
LG