Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Озодии баён барои як кишвари озод зарур аст"


Ҷим Калахан, масъули равобит бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Ҷим Калахан, масъули равобит бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Рӯзи 11-уми март дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуот қайд шудааст.

Таҷлили ин сана дар кишвар дар соли 1996-ум ба расмият даромада ва то замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии собиқро ба сифати санаи иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Аммо баъди баҳсҳо миёни равшанфикрони Тоҷикистон бар сари таъйини рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми марти соли 1912, рӯзи интишори «Бухорои Шариф», нахустин нашрия ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ, ин сана
дар тақвими Тоҷикистон ба ҳайси Рӯзи матбуоти тоҷик пазируфта шудааст.

Вазъи озодии баён ба хусус расонаҳо дар Тоҷикистон ҳамвора дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ матраҳ будааст.

Хосса дар як соли ахир вазъи расонаҳо ва озодии баён дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Зеро дар ин муддат мавориди ба додгоҳ кашонидани расонаҳои ба хусус мустақил афзоиш ёфта ва ин раванд аз маҳдуд шудани озодии баён дар кишвар дарак медиҳад. Ахиран сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ба хусус сафир Кеннет Гросс бо нашри мулоҳизоти хеш дар матбуот, аз вазъи расонаҳо ва озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ба додгоҳ кашонидани нашрияҳои мустақил фазои тарсу ваҳмро дар ҷомеа ба миён меорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, гуфтугӯе доштем бо Ҷим Калахан, масъули равобит бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки чаро вазъи кунунии озодии баён дар Тоҷикистон барои сафорати Шумо ва шахси ҷаноби сафир хеле муҳим шудааст?

Посух
: То он дараҷае, ки ман аз қабл таҳқиқ кардаам, дар рӯзҳои мардумӣ, аз ҷумла Иди матбуоти тоҷик, сӯҳбати сафорату сафир дар бораи аҳамияти матбуоти озод дар ҷомиа як амри маъмулӣ аст. Яке аз суолҳои мо вобаста ба нигарониҳо дар бораи аҳамияти журналистика аст. Мо ҳамчун миллат ҳис мекунем, ки то куҷо доштани матбуот аҳамият дорад. Матбуоте, ки қудрати танқид ва инъикоси мунсифонаи ҳаводисро дорад. Мо ҳис мекунем, ки барои мардум ва ҳукумат донистани он, ки кадом як коре нодуруст иҷро мешавад ва бояд дуруст иҷро шавад, хеле муҳим аст. Як кори расонаҳо ҳам ин аст, ки ҳукуматро водор кунанд, то кори худро дуруст ба роҳ монад. Агар ҳукумат худро ислоҳ карда тавонад, ҳама бурд мекунанд. Дар кишвари ман ҳам баъзан ва аксар вақт мақомот расонаҳоро хуш надоранд. Вақте мешавад, ки миёни ҳарду сари он, ки хабар чӣ гуна бояд бошад ва чӣ гуна дар асл ҳаст, зиддият ба вуҷуд меояд. Аммо тамоми шароитро барои он дорем, ки ҳукумат аз матбуот сӯистифода накунад. Ҳукумат бояд аз рӯи виҷдон кор кунад. Расонаҳо ҳам бояд ба ҳар ҳарфи худ масъулият дошта бошанд. Зеро аз ин вазъ мардум нафъ мебинад ва пирӯз меояд.

Суол: Ҷаноби сафир дар матлабашон вазъи озодии баён дар ИМА-ро мисол меоранд, ки чӣ гуна хуб аст ва қонуне вуҷуд надорад, ки ин озодиро маҳдуд кунад. Аммо то куҷо ин як умедгоҳи наздик барои матбуоти Тоҷикистон метавонад бошад, дар ҳоле ки ба қавли коршиносон, солҳои ахир вазъ рӯ ба коҳиш аст, на беҳбудӣ? Ин вазъро чӣ гуна метавонед тафсир кунед?

"ОЗОДИИ БАЁН БАРОИ ЯК КИШВАРИ ОЗОД ЗАРУР АСТ"

Посух: Дар кулл ҳукумати Амрико ва сафораташ дар ин кишвар як ҳадаф доранд: беҳбуд бахшидани вазъ дар Тоҷикистон. Зеро ин барои миллати мо хеле муҳим аст. Ҷаноби сафир ҳам дар мақолаашон гуфтаанд, ки ба ҳамкории миёни ҳукумату расонаҳо ва беҳбуди вазъи озодии баён умедвор аст ва омодаи ҳама гуна кӯмак барои беҳбуди вазъ аст. Ин як корест, ки дипломат бояд кунад. Мо мехоҳем бо ҳукумат, бо мардум кор кунем, то вазъи озодии баён он гуна бошад, ки барои як кишвари озод зарур аст.

Пурсиш: Ҷаноби Калахан, як соли ахир дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа ҳафтаномаҳо аз сӯи мақомот ба додгоҳҳо кашида мешаванд ва гӯё мисли як амри табии дар онҳо баҳсро мебозанд. Ин вазъ чӣ паёмаде дошта метавонад?

Посух: Ин вазъ спиралеро мемонад, ки поён меравад. Аз ин қабл аз ҳама рӯзноманигорон зарар мебинанд ва маҷбур мешаванд, ки ба худсенсорӣ рӯ оранд. Худсенсорӣ як навъи тарс аст, ки рӯзноманигор фикр мекунад, чиро нависад ва чиро на. Аммо онҳо ҳамчун нозирон ва сухангӯён эътимоди мардумро аз даст медиҳанд. Агар хабаре ҳам нависанд, мардум шак мекунанд ва ҳатто фикр мекунанд, ки ин метавонад дурӯғ бошад. Ин вазъ барои миллате, ки худро месозад, мехоҳад рушд кунад, хеле бад аст. Хеле бад аст, ки мардум надонад, дар асл чӣ мегузарад.

"ИНҚИЛОБҲОИ ИНТЕРНЕТӢ"

Пурсиш: Таҳаввулоте, ки дар кишварҳои арабӣ рух доданд, аз сӯи бархе коршиносон, «инқилобҳои интернетӣ» низ унвон мешавад. Гуфтанд, ки бо истифода аз Твиттеру Фейсбук мардум бо ҳамдигар дар тамос буданд ва ҳар лаҳза иттилоъи сареъ пахш мекарданд. Дар Тоҷикистон ҳам соли гузашта ҳангоми ноамниҳо дар водии Рашт дар қатори расонаҳо, сомонаҳоро низ масдуд карданд. Аммо то куҷо мешавад аз интернет ҷилавгирӣ кард ба хотири таъмини амният? Оё ин имкон дорад?

Посух
: Ҳеҷ як кишвари ҷаҳон барои дарозмуддат наметавонад интернетро масдуд кунад. Ин имконнопазир аст. Ҳар касе бар ин фикр аст, ки метавонад интернетро масдуд кунад, иштибоҳ мекунад. Ин фанноварӣ аст, ки рӯз ба рӯз ва хеле зуд, босуръат рушд мекунад. Ба назарам, ҳаводиси Тунис ва Миср маҳз намунаи барҷастаи он ҳастанд, ки мардуми аз мушкилот ба дод омада тавассути расонаҳо бо ҳам робита барқарор карданд. Имрӯз масдуд кардани интернет имкон надорад. Гузашта аз ин, муомилаи хеле гаронарзиш аст. Як модеми оддие ҳаст, ки шуморо бо моҳвора мепайвандад. Ҳатто ҳукумати Амрико наметавонад ин гуна воситаҳои алоқаро масдуд кунад. Ҳар кишваре, ки мегӯяд, интернетро масдуд мекунад, хаёл мепарварад. Ӯ ин корро карда наметавонад.

ИНТЕРНЕТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Пурсиш: Вақте дар бораи масдуд кардани интернет дар Тоҷикистон баҳсҳо вуҷуд доштанд, мақомот гуфтанд, ки ин ба амнияти миллӣ ва манфиати кишвар баромадааст. То куҷо амнияту манфиати миллӣ метавонанд далели масдуд кардан ё бастани расонаҳо бошанд?

Посух: Ин қабл аз ҳама аз худи масъала вобаста аст. Ҳукумат дар кулл пеши мардум ҳисоботдиҳанда аст. Хеле осон аст гуфтани он, ки мо ба хотири таъмини амният ин ё он корро мекунем. Замоне нақшаи Маршалро Амрико дар Аврупо пиёда мекард ва ҳукумат ба мардум мегуфт, ки ин ба хотири амнияти онҳо аст. Аммо он замон мардум ин далели ҳукуматро қабул доштанд. Аммо имрӯз мепурсанд, бо кадом сабаб ва чаро ин корро мекунад. Ҳукумат бояд далелҳои қавӣ дошта бошад барои асоснок кардани ин ё он даъвои марбут ба амният. Мардумро бояд итминон дода тавонад. Дар акси ҳол натиҷаҳо баръакс мешаванд. Ҳоло фанновариҳо пеш рафтаанд. Мардум манобеъи гуногуни иттилоъ доранд. Он чӣ расонаҳои давлатӣ менависанд, аксар вақт қобили қабули мардум нестанд. Фанновариҳои нав ҳукуматҳоро маҷбур мекунанд, ки бештар пеши мардум ҳисоботдиҳанда ва ростқавл бошанд.

"КӮМАК МЕРАСОНЕМ НА ТАЪСИР"

Пурсиш: Бубинед, солҳои ахир чандин маротиба аз вазъи расонаҳои алоҳида ва дар кулл вазъи озодии баён дар Тоҷикистон созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратҳои муқими кишвар изҳори нигаронӣ мекарданд. Аммо то куҷо, масалан, сафорати Шумо метавонад ба вазъи таъсир расонад ва барои ҳалли мушкил кӯмак кунад?

Посух: Фикр намекунам, ки ин ҷо мавзӯъи таъсир расонидан бошад. Инро ман хуш надорам. Зеро мо бо давлате кор мекунем, ки онро шинохтаем ва бо он мехоҳем кор кунем. Гоҳе мешавад, ки аз мо барои пешбурди ягон соҳа кӯмак мепурсанд, мо кӯмак мерасонем. Гоҳе мешавад, ки мо аз вазъи ҳуқуқи башар изҳори нигаронӣ мекунем, аммо ҳукумат мегӯяд, ки бо ин назари шумо мувофиқ нестем. Нуктаи муҳим аз ҳама ин аст, ки ҳар як ҳукумат рисолати ҳифзи худ ва ҳифзи мардуми худро дорад ва бояд онро аз рӯи виҷдон иҷро кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG