Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден хостори беҳбуди фазои тиҷоратӣ бо Русия шуд


Ҷо Байден ва Владимир Путин
Ҷо Байден ва Владимир Путин
Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико аз Русия дархост кард, ки шароити тиҷоратӣ беҳбуд ёбад ва назорати сиёсӣ соддатар шавад. Вай гуфт, ки ришвахорӣ ва нақзи қонун «мушкили аслӣ»-и сармоягузорист. Байден гуфт, дафтари президент Барак Обама устуворона аз узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳимоят мекунад, вале вай афзуд ба худи Русия ҳам вобаста аст, ки заминаро барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам орад. Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин-нахуствазири Русия зимни мулоқот бо Байден пешниҳод кард, ки миёни Русияву Амрико муқаррароти раводид ё визо аз миён бардошта шавад. Солҳост Русия ҳамин дархостро бо Иттиҳодияи Аврупо матраҳ кардааст, вале то ҳол пешрафт ба даст наомадааст.
XS
SM
MD
LG