Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи матбуотро баргузор мекунанд


Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи матбуотро баргузор мекунанд. Бо вуҷуди он, ки дар Тоҷикистон то ҳол рӯзнома вуҷуд надорад, вале вазорати фарҳанг мегӯяд, ҳоло беш аз 400 расона, аз ҷумла 268 рӯзнома, 136 маҷалла ва 8 хабаргузорӣ расман фаъолият мекунанд. Баъзе аз онҳо чун моҳномаву гоҳнома нашр мешаванд. Қироншоҳ Шарифзода устоди донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки роҷеъ ба таърихи матбуот таҳқиқоти пурарзиш анҷом додааст, дар бораи эълони Рӯзи матбуот чунин мегӯяд:

“То аз ҷониби давлат қабул шуданаш, ду пешниҳод баҳс мешуд. Як пешниҳод 11 март – зодрӯзи “Бухорои шариф”-ро Рӯзи матбуоти тоҷик бипазирем. Ва дуввум пешниҳод зодрӯзи “Бедории тоҷик”(“Ҷумҳурият”-и имрӯза)-ро, ки 15 марти соли 1924 аст.

Оқои Шарифзода меафзояд, соли 1994 порламони Тоҷикистон дар ин масъала 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик ба тасвиб расонд. Дар робита бо ин рӯз дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳамоишҳои рӯзноманигорон дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG