Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати панҷ шаҳрванди Вйетнам дар сӯхтор дар Русия


Аз як корхонаи оташгирифта дар шаҳраки Ивантеевкаи вилояти Маскав ҷасади панҷ нафар берун карда шуд.

Ба иттилоъи раёсати вилоятии вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, қурбониёни сӯхтор эҳтимолан шаҳрвандони Вйетнаманд.

Сӯхтор дар корхонаи тавлиди матоъ субҳи рӯзи панҷшанбе ба вузӯъ пайваст. Айни ҳол шахсияти қурбониёни ҳодиса мушаххас карда мешавад.
XS
SM
MD
LG